“Чӯҷаҷанг”: Душанбе ва Тошканд дар соҳаи паррандапарварӣ мусобиқа мекунанд

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкЧуҷа, акс аз бойгонӣ
Чуҷа, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин ду ҷумҳурӣ мехоҳанд истеҳсоли тухм ва гӯшти мурғро дар корхонаҳои ватанӣ вусъат бахшанд

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти мурғро вусъат мебахшад, мегӯяд деректори генералии корхонаи давлатии  "Птицепром"-и Вазорати кишоварзии  ҶТ Машокир Назаров.

Корхонаи паррандапарварӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон панҷ корхонаи паррандапарварӣ фаъол мешаванд

Ба гуфтаи вай, соли 2016 истеҳсолот дар корхона камтар шудааст. Ҳамин тавр, соли 2016 дар корхонаҳаи паррандапарварии Тоҷикистон дар умум 357 миллион дона тухм ва 2.2 ҳазор тонна гӯшти мурғ  истеҳсол гардидааст.  Тоҷикистон  мехоҳанд дар соли 2017 ин нишондодро то 400 миллион дона тухм ва 3,2 ҳазор тонна мурғ расонад.

Пештар чунин мақсадро Ӯзбекистон низ ба пеши худ гузошта буд. Президенти ҷумҳурӣ Шавакт Мирзиёев мехоҳад корхонаи паррандапарварӣ бо арзиши  11 миллиард сум кушояд.

Интизор меравад, ки ҳар корхона бо истифодаи таҷҳизоти чинӣ ва италявӣ ҳамасола 51 миллион дона тухм ва 1,4 миллион чӯҷа истеҳсол шавад. Ба хотири некӯаҳволии халқ ба нақша гирифта шудааст, ки ба ҳар як хоҷагӣ 100 дона чӯҷа дода шавад.

Пештар хабар дода шуд, ки Тоҷикистон воридоти гӯшти мурғ, пӯсти мурғ ва равғани ҳайвонотро манъ кардааст.  Зеро корхонаҳои давлатии паррвандапарварӣ ба талаботи бозори истеъмолӣ дар Тоҷикистон ҷавобгар шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0