ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Ба қавли вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ҳам ҷониби Тоҷикистон ва ҳам Русия ба сафари президенти ФР омодагӣ мебинад.
"Як бастаи комили созишномаҳои гуногун, ки ба таҳкими ҳамкорӣ бо шаҳрҳои бузурги Русия равонаанд барои имзо мавриди таҳия қарор дорад. Русия дар савдои хориҷии Тоҷикистон нақши бузург дорад ва 26%-ро ташкил медиҳад", — гуфт вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар сӯҳбат бо радиои Sputnik.
Ба қавли ӯ имсол аз бӯҳрони иқтисодӣ баромадани Русия ба хубӣ ҳис мешавад ва ин ба фазои иқтисодии Тоҷикистон албатта таъсири мусбат хоҳад дошт.
"Ин амалиёти муайян аст. Ҳа, баъзе аз ширкатҳо баста шуданд, вале боз сармоягузорӣ пайдо мешаваду фабрикаҳои нав ба кор медароянд",-бовар дорад вазир.