ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Фурӯши чиптаҳо ба парвози Душанбе — Тошканд, ки ширкати ҳавоии "Сомон-Эйр" ба анҷом мерасонад, сар шуд. Аммо чиптаҳоро танҳо дар ҳолати доштани раводид метавон ба даст овард.
Нархи чиптаро худи сомонаи "Сомон Эйр" қайд мекунад, ки 177 евроро ташкил медиҳад. Хоҳишмандон ва ё шаҳрвандоне, ки аллакай раводид ба даст оварда, хоҳиши парвоз ба Ӯзбекистонро доранд, метавонанд бо нархи 1 ҳазору 503 сомонӣ чипта ба даст оранд.
Пештар хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба имзои созишномаи парвозҳо омода мебинанд ва дар ояндаи наздик ҳуҷҷат омода шуда, парвозҳо оғоз меёбанд.
Ёдовар мешавем, ки алоқаи ҳавоӣ миёни ду кишвари ҳамсоя ҳанӯз соли 1992, зимни шурӯъ шудани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қатъ карда шуд.