Соли 2016 дар қиёс бо соли 2015 Тоҷикистон то 10% харидориро аз кишварҳои хориҷ кам карда, содиротро зиёд намуд.
Аз байни давлатҳои Аврупо Швейтсария ва Олмон дар ин роҳ пештозанд. Гарчанде кишварҳои ИДМ барои Тоҷикистон ҳамоно шарикони муҳим ба шумор раванд ҳам, кишвар барои ҳамкорӣ бо мамолики Аврупо таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунад.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ вохӯрда, дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ кард.