Президент раиси суди ноҳияи Нурободро аз вазифа сабукдӯш кард

© Flickr \ Официальный сайт президента ТаджикистанаПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои як фармон раиси суди ноҳияи Нурободро аз вазифа барканор намуд

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мирзозода Ғайбулло Азизуллоро аз вазифаи расии суди ноҳияи Нуробод  сабукдӯш кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

"Мирзозода Ғайбулло Азизулло бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо ва содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи раиси суди ноҳияи Нуробод озод карда шавад",-омадааст дар хабарнома.

Ёдовар мешавем, ки қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон дар пайи амалӣ намудани тағйироти кадрӣ, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва муовинонаш, ҳамчунин вазири вазорати тандурустӣ ва нақлиётро аз вазифаашон барканор кард.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро соли ҷавонон эълон карда, аз ҳар як кадри ба вазифаҳои масъули роҳбарикунанда таъингардида, ки аксарият ҷавонони соҳибзавқу тарбиятдидаи мактаби роҳбарии замони соҳибистиқлолии Тоҷикистонанд, садоқат ба халқу миллат ва хизмати софдилонаро талаб намуд.

Лентаи хабарҳо
0