Ҳукумати Тоҷикистон ба Владимир Путин даҳҳо ҳуҷҷат омода месозад

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкВладимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ
Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интизор меравад, ки дар рафти сафари Владимир Путин моҳи феврали соли равон якчанд ҳуҷҷат ба имзо расад

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik.Тоҷикистон ва Русия ба имзои як қатор ҳуҷҷатҳо омодагӣ мебинанд.

Созишномаҳо ҳангоми сафари президенти ФР Владмир Путин ба Тоҷикистон ба имзо мерсанд, ки дар моҳи феврали соли 2017 ба нақша гирифта шудааст, хабар дод дар нишасти матбуоти вазири рушди иқтисоди ҶТ Неъматулло Ҳикматуллозода.

Вай қайд намуд, ки ҳар ду ҷониб ба ин вохӯрӣ тайёрии амиқ мебинанд.

"Як қатор ҳуҷҷатҳо барои ба имзо расида тайёр карда мешаванд, аз ҷумла вобаста ба муносибатҳои иқтисодӣ низ",- қайд намуд вазири иқтисод.

Владимир Путин, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Владимир Путин рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон меояд

Ба иттилои ӯ, масоили як қисми созишномаҳо барои беҳтар намудани  муносибатҳои Тоҷикистону минтақаҳои калони Русия равон карда шудаанд.

Ҳикматуллозода мегӯяд, ки дар соли 2016 ҳаҷми мубодилаи амвол байни ду кишвар қариб  як миллиард долларро ташкил намуд ва  6,3% камтар аз нишондоди соли гузашта мебошад.

Ӯ ҳамчунин изҳор дошт,  Русия шарики стратегии Тоҷикистон боқӣ мемонад.  Ҳикматуллозода  умедвор аст, ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик ҳаҷми гардиши молро бо ин кишвар бешатар мегардонад.

Лентаи хабарҳо
0