ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik.Кормандони Хадамоти давлатии сарҳадии Қирғизистон шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир карданд, ки дар даст доштан ба ташкилоти диниву ифродгароӣ муттаҳам дониста мешавад, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Гумонбаршуда дар нуқтаи назоратии "Кызыл-Бел-автодорожный" ҳангоми кӯшиши дохил шудан ба ҳамсоякишвар дастгир шудааст.
Маълум шуд, ки гумонбаршаванда шаҳрванди Тоҷикистон соли таваллуди 1972 мебошад. Баъд аз ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳо ӯро ба кормандони Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дар минтақаъ супориданд.