"Васиятномаи аздастрафта" дар шаҳри Маскав намоиш дода шуд

Обуна шудан
Санаи 29-уми январи соли равон дар толори Крокус сити Холл дар шаҳри Маскав намоиши "Васиятномаи аздастрафта" баргузор гардид

Намоишнома аз ҷониби Шӯрои уламои Русия, Шӯрои рӯҳониёни Маскав ва Шӯрои муфтиёни Русия ташкил карда шуд.

Ба гуфти ташаббускорон лоиҳа се ҳадафи асосиро пайгирӣ мекунад. Аввал шинос намудани тамошобинон бо шахсияти Пайғамбари Худо, дуюм додани маълумот дар бораи рушди ислом дар қаламрави шаҳрҳои мусалмонннишини Русия ва сеюм фаҳмонидани нақши дунёи маънавӣ дар зиндагии инсон.

Маблағи аз фурӯши чиптаҳо ба даст омада, ба ҷабрдидагони ҷанги Сурия бахшида мешавад.

Дар намоишнома ҳунармандони театр ва кинои рус Марат Башаров, Шамил Хаматов ва ҳунарпешаи қазоқ Бибигул Актан Суюншалина нақш офариданд.

Дар умум дар намоишнома 150 нафар банд буданд ва он дар давоми чанд моҳ омода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0