ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон рамзи "Наврӯз-2017"-ро, ки дар ҷашнҳои наврӯзӣ дар сартосари кишвар ҳамчун нишони ин иди миллӣ истифода хоҳад шуд, тасдиқ кард, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии сарвари давлат.
"Вазорату идораҳо, муассисаву ташкилот, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе аз рамзи мазкур истифода намоянд",-омадааст дар хабарномаи сарчашма.
Рамзи "Наврӯз-2017"
Маврид ба ёдоварист, то имрӯз рамзи Наврӯз ба намудҳои мухталиф дар ҳар гӯшаи кишвар зоҳир мешуд, вале акнун ангораи мазкур дар саросари кишвар ягона буда ва дар ҷашнҳову нишастҳо истифода мешавад.