Садама дар роҳи Исфара-Конибодом боиси марги ронандаҳо ва мусофир шуд

© Sputnik / Илья ПиталевСадама, акс аз бойгонӣ
Садама, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи садамае хабар медиҳад, ки якбора ҷони се нафарро ба коми худ кашид

ДУШАНБЕ,30янв —Sputnik. Тибқи ахбори манбаъ 28-уми январи соли 2017, тахминан соати 14.00-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", марди 48-солаи сокини ноҳияи Исфара ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Конибодом дар километри 6-уми ҳудуди деҳаи Равоти шаҳри Конибодом аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", таҳти идораи марди 21-солаи сокини шаҳри Конибодом бархӯрдааст.

"Дар натиҷа, ронандаҳои ҳар ду автомашина ва мусофири дохили автомашинаи"Мерседес-Бенс"-и дуюм марди 21-солаи сокини шаҳри Конибодом ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд",- менависад дафтари матбуот.

Мусофирони автомашинаҳо: ду нафар ҷавондухтари 20-солаи сокинони шаҳри Исфара, марди 43-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, марди 21-солаи сокини шаҳри Конибодом, марди 56-сола ва зани 46-солаи сокинони шаҳри Исфара ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0