Грозин: Путин бори дигар ба Раҳмон ЕврАзЭС-ро хотиррасон мекунад

© Фото : Институт стран СНГАндрей Грозин. Акс аз бойгонӣ
Андрей Грозин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Владимир Путин ҳангоми сафар ба Тоҷикистон масъалаҳои воридшавии кишвар ба ЕврАзЭс ва амниятро боло мебардорад, мегӯяд Андрей Грозин

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik.Мудири шӯъбаи Осиёи Миёна ва Қазоқистони Институти кишварҳои ИДМ Андрей Грозин мегӯяд, ки сафарии президенти ФР шояд на танҳо ба Тоҷикистон суръат гирад. Интизор меравад, ки Владимир Путин дар айни замон ба дигар кишварҳои Осиёи Миёна низ ташриф меоварад.

"Сафари Путин бо Тоҷикистон, эҳтимол ба Қирғизистон низ, суръат мегирад, ки  бояд нақши нави Русия — доварӣ дар баҳсҳои минтақаҳои осиёмиёнагиро муайян кунад. Президенти ФР ба  кишварҳои минтақа дар ҳалли ихтилофотҳо кӯмак мерасонад",- мегӯяд мудири шӯъба.

Ғайр аз ин ӯ боварӣ дорад, ки Владимир Путин бори дигар ба Раҳмон ЕврАзЭС-ро хотиррасон мекунад.

"Мулоҳизаи Тоҷикистон дар бораи воридшавӣ ба ин иттиҳод ду сол аст, ки тӯл мекашад", —гуфт ба Sputnik Тоҷикистон Андрей Грозин.

Шояд Тоҷикистон ва Русия дар умум дар бораи амният дар минтақаи Осиёи Миёна ёдовар шаванд, зеро баҳор наздик мешавад ва шояд баробари он гурӯҳҳои террористии гуногун фаъолтар шаванд.

Лентаи хабарҳо
0