ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Ҳаракатҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар ояндаи наздик оғоз мешаванд.
Ба гуфти директори генералии ширкати ҳавоии "Узбекские авиалинии" Валерия Тян ҳукумати ду кишвар аллакай созишномаи байниҳукуматиро оиди оғози парвозҳои мустақим барои имзо омода карданд.
"Хатсайри мустақим аз Тошканд ба Душанбе ба зудӣ оғоз мешавад",-изҳор дошт Тян.
Ёдовар мешавем, ки алоқаи ҳавоӣ миёни ду кишвари ҳамсоя ҳанӯз соли 1992, зимни шурӯъ шудани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қатъ карда шуд.
Қаблан қайд гардид, ки парвози аввалин дар хатсайри Душанбе-Тошканд дар авоили моҳи январи соли 2017 дар назар аст. Парвозхо аз рӯи хатсайри мазкур аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ва "Узбекистон ҳаво йўллари" ҳафтае ду маротиба анҷом дода мешаванд.