Ба "Сомон Эйр" иҷозаи парвоз ба чор шаҳри Русия дода шуд

CC BY-SA 2.0 / Lars Steffens / Boeing 737 Somon AirҲавопаймои ширкати "Сомон Эйр". Акс аз бойгонӣ
Ҳавопаймои ширкати Сомон Эйр. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагони Тоҷикистону Русия масъалаи ҳавоии байни ду кишварро ҳаллу фасл намуда, ба ширкати “Сомон Эйр” иҷозаи парвоз ба шаҳрҳои Русия дода шуд

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Намояндагони Тоҷикистон ва Русия оиди барқарор намудани паврозҳои ширкати "Сомон Эйр" ба чор шаҳри Руси ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба вазири нақлиёти ҶТ Шералӣ Ганҷалзода.

Дар бораи ин баъди ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия бо иштироки муовини нахуствазири Русия Игор Шувалов маълум шуд.

Қайд мешавад, ки Русия ва Тоҷикистон тавонистанд, масъалаҳои баҳснокро ҳаллу фасл намоянд. Аз ҷумла ҷонибҳо оиди барқарор намудани парвозҳои ширкати ҳавоии "Сомон Эйр" ба чор шаҳри Русия-Красноярск, Краснодар, Оренбург ва Уфа ба мувофиқа расиданд.

Парвози ҳавопаймо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вазири нақлиёт: фикр намекунам, ки барои як парвоз Русия алоқаи ҳавоиро бандад

Ба қавли Ганҷалзода Русия ва Тоҷикистон оиди иҷозаи парвоз аз фурудгоҳи Жукоския ба мувофиқа расиданд.

Акнун аз фурудгоҳи Жуковский ба Тоҷикистон ширкати ҳавоии "Уральские авиалинии" ва "Тоҷик Эйр".

Ёдовар мешавем, ки охирҳои соли 2016 баъди он, ки ҷониби Тоҷикистон ба ширкати ҳавоии "Ямал" иҷозаи павроз аз фурудгоҳи Жуковскийро надод, вазорати нақлиёти Русия аз 23-юми декабр парвозҳои ширкати "Сомон Эйр"-ро ба чор шаҳри Русия  бо таври якҷониба манъ кард.

Дар навбати худ Тоҷикистон дар бораи қатъи паврозҳои ширкати ҳавоии "Уралские авиалинии" хабар дод, вале баъдтар маълум гашт, ки ширкат ба таври мунтазам дар парвоз аст.

Барои ҳаллу фасл намудани масъалаҳои ҳавоӣ вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҷониби Русияро ба Душанбе барои баррасии мавзӯъ даъват кард.

Лентаи хабарҳо
0