ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон шумораи занон нисбат ба мардон то 1,2 % камтар аст.
Мардҳо 50,6 % —и аҳолӣ ва занон 49,4% —и шаҳрвандони Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, хабар дод роҳбари Оҷонсии омори назди президенти ҶТ Гулнора Ҳасанзода.
"Чунин менамояд, ки дар ҷомеа шумораи занон нисбат ба мардон зиёдтар аст, дар ҳақиқат бошад, чунин нест".
"Ин омори расмӣ аст, ки дар натиҷаи саршумории соли 2010 ба даст омадааст",-қайд кард Гулнора Ҳасанова.
Дар айни замон шумораи умуии аҳолии Тоҷикистон 8,551 миллион нафарро ташкил дода, аз ин шумул 4,329 мард ва 4,222 зан мебошад.
Бояд қайд кард, ки шумораи аҳолии кишвар дар давоми соли гузашта то 200 ҳазор нафар зиёд шудааст. Мувофиқи пешгӯии оҷонсии омори Тоҷикистон то соли 2019 шумораи аҳолии Тоҷикистон ба 9,2 миллион нафар баробар хоҳад шуд.
Роҳбари оҷонсӣ ҳамчунин қайд кард, ки давомнокии зиндагии занон аз мардон дида зиёдтар аст. Мардон бо ҳисоби миёна 73,6 сол зиндагӣ карда, занон 75,4 сол умр ба сар мебаранд.
Мувофиқи ҳисоботи Оҷонсии омор шумораи бекорон то тирамоҳи соли гузашта 55,3 ҳазор нафарро такшил дод. Ин шумора нисбат ба соли 2015 тақрибан 1% зиёд аст. Ҳаҷми маош бошад, дар давоми соли гузашта то 8,1 фисад баланд бардошта шуд.
Ба гуфти Гулнора Ҳасанзода, 99%-и аҳолии Тоҷикистонро мусулмонон ташкил медиҳанд.
Қаблан роҳбари маркази таҳлилии иқтисодӣ Хуршед Қосимов, вазъияти демографии Тоҷикистон хуб арзёбӣ кард. Нишондиҳандаи сатҳи таваллуд, афзоиши табиӣ ва давомнокии зиндагӣ баланд аст.
Ба фикри коршинос чунин нишондиҳандаҳои баланд бо шарофати кам будани шумораи талоқ дар кишварба даст омадаанд.
Ҳамин тавр соли 2014-77 ҳазор оилаи нав бунёд гардида, танҳо 8,3 ҳазори онҳо ҷудо шудаанд.