“Сахаровода биё”: барои муҳоҷирони Маскав хатсайри нав кушода шуд

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкМаркази муҳоҷиратӣ дар Сахарова. Акс аз бойгонӣ
Маркази муҳоҷиратӣ дар Сахарова. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои муҳоҷирон аз Маскав то Сахарово хатсайри нав кушода шуд. Шурӯъ аз 23-юми январ микроавтобусҳо аз истгоҳи Булвар Дмитрия Данского то Сахарово равон мешаванд

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Акнун муҳоҷирон метавонанд ҳам аз назди истгоҳи метрои Анино ва ҳам истгоҳи Булвар Дмитрия Данского то маркази бисёрфунксионалии муҳоҷират сафар кунанд, хабар дода мешавад дар торномаи расмии маркази муҳоҷират.

"Микроавтобусҳо аз соати  6:40 то 16:00 бо фосилаи — 30 дақиқа ҳаракат мекунанд", — омадааст дар хабарнома.

Қайд мегардад, ки нахри чипта аз як самт 50 рубли русиро ташкил медиҳад.

Маълумоти бештарро дар бораи хатсайрҳо то маркази муҳоҷиратӣ дар Сахарово аз саҳифаи расмӣ пайдо карда метавонед.

Автобусҳо аз назди истгоҳи Анино бо реҷаи кории пештара ҳаракат мекунанд. Реҷаи автобусҳо то маркази муҳоҷират.

© Фото : официальный сайт ММЦРеҷаи кории автобусҳо аз истгоҳи Анино
Расписание автобусов до ММЦ - Sputnik Тоҷикистон
Реҷаи кории автобусҳо аз истгоҳи Анино

Ҳамчунин аз Маскав то Сахарово метавон аз назди истгоҳи метрои "Новоясенеская" бо таксиҳо аз соати 7-и саҳар то 16-и бегоҳ бо фосилаи 30 дақиқа равон шуд.

Лентаи хабарҳо
0