ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik.Шоири советӣ, мусиқичӣ ва актёр Владимир Висотский агар дар қайди ҳаёт мебуд, имрӯз 25-уми январ 79-сола мешуд. Дар рӯзи зодрӯзи марҳум, Тимур Зулфиқоров дар бораи хотираи худ аз ин шахси намоёни адабиёт бо Sputnik Тоҷикистон сӯҳбат орост.
Ба гуфтаи Тимур Зулфиқоров вай бо Висотский муносибати дӯстона дошт. Онҳо дар доираи шоир Артур Макаров бо ҳамдигар шинос шуданд.
"Вақте ки вай суруд мехонд, аз дурии се — чор метр чунин менамуд, ки зинда ба зина туро пӯст меканад ва ё ки аз наздак ҳавопаймои сӯзон парвоз мекунад. Зеро, вай худро оташ мезад ва ба хондани суруд худро месӯзонд, чунин сӯзишро ман боре дар ҳаётам надидаам", — ба ёд меоварад Зулфиқоров.
Владимир Висотский ба Зулфиқоров мегуфт, ки "ту метавонӣ барди ҳақиқӣ шавӣ".
"Висотский доим ба ман мегуфт: "Тима, сурудҳоятро бихон!" Ман бошам мегуфтам: "Ман чӣ гана дар назди ту сурудхонӣ кунам, ту "овоз"-и халқи советӣ ба ҳисоб меравӣ- аз академик сар шуда, то бандит". Баъзан вай маро маҷбур мекард, ки дар як шом 6-8 суруд сароям. Ҳатто ба ман пиёлаи шароб медод, то ман озодтар суруд сароям. Висторский сурудҳои маро хело дӯст медошт, маро саввумин барди Русия мегуфт. Вай ба ман гуфта буд: "Окуджава сар карда буд, ман давом додам, барди суввум ту ҳастӣ"",- нақл мекунад Зулфиқоров.
Висотский ба Зулфиқоров маслиҳат дода буд, ки бо гитор суруд хонданро омӯзад.
"Шукри Худо, ки ба ман ин омӯзиш муяссар нашуд, зеро агар ман ҳатто қоидаҳои умдатарини гиторнавозиро ёд мегирифтам, тақдири ман ба монанди овозхон ва бард мешуд, ин тақдири даҳшатноктарин аст",- мегӯяд вай.
Бояд қайд кард, ки суруди "Последняя лошадь в России" — и Зулфиқоров тимсоли "Кони привередливые"-и Висотский аст.
"Мо боре бо вай дар Мосфилм во хӯрдем. Вай ба ман гуфт: "Ман парафразаи (фантазияи мусиқӣ, ки ба мавзӯи ягон асари дигари мусиқӣ тасниф шудааст- идора) суруди "Последняя лошадь в России" —и туро навиштам ",- нақл кард шоир.
Моҳи октябр Тимур Зулфиқоров яке аз қисмҳои филми "Бриллианты в пыли времен"-ро ба Висотский бахшид.
Владимир Висотский 25-уми январи соли 1938 ба дунё омадааст. Вай ба таърихи мусиқии рус ба ҳайси муаллиф- иҷрокунандаи сурудҳои худ бо гитор ворид шуд. Мувофиқи пурсиши соли 2010- ВЦИОМ, Висотский дар рӯйхати шахсиятҳои дӯстдоштатарин ҷойи дуввумро, баъд аз Юрий Гагарин гирифт.