ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар осорхонаи шаҳри Орлови Русия намоиши аксҳои суратгири рус Татяна Озерина "Шаҳри афсона ва достонҳо" кушода шуд, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон.
Соли гузашта рассом ва аккоси рус аз шаҳрҳои қадимии Бухоро ва Самарқанд дидан карда буд. Зебогиҳои шақриёнаро суратгир аксбардорӣ карда, дар намоиши махсус гирд овард.
Асосан дар аксҳо меъмории қадимӣ ва мардуми минтақа дарҷ гардидааст. Ҳамаи суратҳое, ки ба намоиш гузошта шудаанд, ногаҳонӣ мебошанд. Барои ҳамин бо тамошои ин суратҳо инсон худро дар фазои ҳақиқии ин шаҳрро эҳсос мекунад.
Қайд мекунем, ки намоишро аксҳо аз намунаи фарҳанги кишвар: либос, тоқӣ, табақ ва дигар таҷҳизот пур мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл дар осорхонаи санъати рус дар Ню-Ҷерсӣ намоиши расмҳои наққош Владимир Глухов шурӯъ шуд. Намоиши расмҳо аз 14-уми январ то 28-уми ҳамин моҳ идома мекунад.
Владимир Глухов рассоми барҷаста, ки наққошиҳояш дар кишварҳои бузурги ҷаҳон нигоҳдорӣ мешаванд, дар намоиши расмии шахсияш дар Амрико табиати зебои Тоҷикистон ва урфу одоти мардуми тоҷикро нишон медиҳад.