Дуздони "Лаъли асил" дар Тоҷикистон ба даст афтоданд

© Sputnik / Владимир Минкевич / Гузариш ба медиабонкСангҳои қимматбаҳо. Акс аз бойгонӣ
Сангҳои қимматбаҳо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Марди 58 солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва марди 63-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо дастгир шуданд

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ шаҳрвандони Тоҷикистонро бо иттиҳоми гардиши ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо дастгир карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД ҶТ.

Ҳамин тавр дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 58-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва марди 63-солаи сокини шаҳри Душанберо бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо металл ва ё сангҳои қимматбаҳо дастгир намуданд.

"Дар вақти кофтукови шахсӣ аз онҳо тибқи маълумотномаи ташхиси иёргирӣ 94,05 грамм "Лаъли асил" дарёфт ва мусодира карда шуд",-омадааст дар иттилоия.

Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0