Чаро Эмомалӣ Раҳмон вазири нақлиёти Тоҷикистонро барканор кард

Обуна шудан
Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз вазифа сабукдӯш шуда, акнун вазифаи муовини вазири ҳамон вазоратро иҷро хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik.Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағийроти кадрӣ ба амал овард, ки дар натиҷаи он вазирони идораҳо дигар карда шуданд. Ҳамин тавр вазири нақлиёти Тоҷикистон- Шералӣ Ганҷалзода  низ аз вазифааш сабукдӯш карда шуд.

Вазири навтаъингашта Худоёр Худоёрзод  пештар раиси ноҳияи Рӯшони вилояти худмухтори Бадахшонро адо мекард.

Бояд қайд кард, ки Ганҷалзода ба вазифаи муовини вазири ҳамин вазорат таъин карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки маҳз вазири сабукдушшуда масъалаи ҳаракатҳои ҳавоии Тоҷикистону Русияро назорат мекард. Тарафҳо то ҳол дар бораи парвозҳо ба хулосаи аниқ наомадаанд.

Аммо наметавон пешгӯӣ кард, ки бо омадани вазири  нав мушкилоти ба миёномадаи Тоҷикистон ва Русия ҳал мешавад.

"Дар ҷамъияти тоҷикӣ кайҳо одат кардаанд, ки президент ба ҳайси роҳбари давлат давра ба давра мансабдоронро иваз карда, ба ҷойи онҳо шахсиятҳои шахсан ба ӯ вафодорро мегузорад. Одатан ин амал боиси беҳтар гаштани фаъолияти идораҳои давлатӣ ҳам, беҳтар гаштани сатҳи некӯаҳволии халқ ҳам, паст фаромадани сатҳи ришшвасотонӣ ҳам намешавад. Нашояд  интизор гашт, ки иваз гаштани вазири нақлиёт боиси беҳтар гаштани ваъият, аз ҷумла дар сатҳи байналмиллалӣ хоҳад шуд",- мегӯяд муовини раиси Ҳизби сотсиал- демократи Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов.

Парвози ҳавопаймо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вазири нақлиёт: фикр намекунам, ки барои як парвоз Русия алоқаи ҳавоиро бандад

Дигар намояндаи элитаи сиёсии ҷумҳурӣ, ки нахост номаш ифшо шавад, мегӯяд, ки вазири нақлиёт натанҳо натавонист ба Русия гуфтушунидро ба таври шояду бояд ба роҳ монад, балки ҳалли мушкилии нақлиётиро дар кишвар ба таъхир гузошт.

"Ғайр аз ин дар дохили кишвар низ мушкилоти нақлиётӣ вуҷуд дорад, ки яке аз он набудани нақлиёти замонавӣ байни шаҳрҳои калони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад",- мегӯяд мансабдор.

Тирамоҳи соли гузашта дар байни Тоҷикистон ва Русия баҳси парвозҳо ба миён омад. Вазорати нақлиёти Русия яктарафа аз санаи 23-уми декабри соли 2016 парвозҳои ширкати "Сомон Эйр"-ро ба чор шаҳри кишвар манъ кард. Сабаби он ба паврозҳои шаркати "Ямал" иҷозат надодани Тоҷикистон мебошад.

Дар навбати худ Тоҷикистон гуфт, ки паврозҳои ширкати ҳавоии "Уральских авиалиний"-ро манъ мекунад, аммо роҳбарияти ширкат то ҳол огоҳномаи манъи парвозро  нагирифтааст ва бо ҷадвали пешина ҳаракатҳои ҳавоиро ба ин кишвар анҷом медиҳад.

Ганҷалзода пештар гутфа буд, ки мувофиқи созишномаи байниҳукуматӣ парвозҳо бояд дар асоси баробарӣ амалӣ карда шаванд.

Ба гуфтаи вай, намояндагони вазорати нақлиёти Тоҷикистон, бо ҷурми он ки гӯё амали ҷониби Русия ғайриқонунист, ҳатто  ба суд ҳам тайёранд.

Лентаи хабарҳо
0