Э.Раҳмон ба осебдидагони фоҷиаи Венгрия шифои комил таманно кард

© Фото : Официальная страница пресс-службы президента РТЭмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Венгрия дар бастагӣ бо садамаи нақлиётӣ ва ҳалоки чандин нафар номаи тасаллият равон карда, ба осебдидагон шифои комил орзу кард

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ба президенти Венгрия Янош Адер бо равон кардани номаи тасалляит ибрози ҳамдардии амиқ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

Дар барқияи тасаллият аз ҷумда гуфта мешавад:

"Ҷаноби Олӣ, Хабари ҳузнангези ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шаҳрвандони Венгрия, аз ҷумла кӯдакону наврасон бар асари садамаи воситаи нақлиётӣ дар Италия боиси андӯҳи амиқи мо гардид. Дар ин лаҳзаҳои барои мардуми дӯсти Венгрия фоҷеабор ҳамдардии амиқи ин ҷонибро ба пайвандон ва наздикони фавтидагон ирсол дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам".

Ёдовар мешавем, ки бино ба иттилои оҷонсии РИА Новости, дар пайи садамаи нақлиётӣ, ки ҳангоми ҳаракати автобуси сайёҳӣ аз Фаронса ба Венгрия ба вуқӯъ пайваст, наздики 16 нафар ба ҳалокат расида, чандин каси дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошт. Дар дохили автобус 55 нафар, мактаббачагони аз 14 то 18 сола, волидонашон ва муаллимон қарор доштанд. Осебдидагон дар беморхонаҳои Италия бистарӣ шуданд.

Лентаи хабарҳо
0