ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Дар тӯли моҳи оянда дастгоҳи президент нақшаи чорпабиҳоро бахшида ба Соли ҷавонон барои тамоми сол бояд омода кунад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.
Қарори мазкур ҳафтаи гузашта аз ҷониби президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.
Дар бастагӣ бо эълон шудани Соли ҷавонон раисҷумҳури Тоҷикистон ба зерсохтори худ фармон дод, то нақшаи чорабиниҳо дар ин самт омода карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки 23-юми май ҳамасола дар Тоҷикистон чун Рӯзи ҷавонон қайд карда мешавад. Ҷашни мазкур бо қарори президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 ташкил шуд. Бахшида ба ҷашни ҷавонон дар кишвар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, варзишӣ, олимпиадаҳои мактабӣ, консерт ва намоишгоҳҳо гуногун доир карда мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон борҳо қайд карда буд, ки насли ҷавони кишвар бояд ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ диҳад, то мақоми ҷумҳуриро дар сатҳи байналмилллалӣ баланд бардошта, дар таҳсил ва фаъолият ба қуллаҳои баланд расанд, то боиси фархи ватан шаванд.
Ҷавонони тоҷик имрӯзҳо бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешаванд. Набудани ҷойи кор имкон намедиҳад, ки ҷавонон дар соҳаи мувофиқ кор кунанд. Дар бастагӣ бо ин, онҳо кӯшиш мекунанд ба кишварҳои хориҷ барои таҳсил ва кор раванд. Ҳолатҳои ба сафи гурӯҳҳои ҷиноӣ пайвастани ҷавонон низ кам нестанд.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, мактаббачагони Тоҷикистон дар соли 2016 аз рӯи натиҷаҳои олӣ дар олимпиадаҳои байналмиллалӣ ба рӯйхати ҷаҳонӣ ворид шуданд.