ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар давоми соли гузашта, 36 ҳамлаи террористӣ пешгирӣ ва 50 нафар ҳамчун гумонбар дастгир гардиданд.
Бо иттиҳоми даст доштан ба омода намудани нақшаи ҳамлаи террористӣ дар Тоҷикистон 50 нафар дастгир шуданд, гуфт вазири вазорати корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимзода зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе.
"Онҳо ният доштанд, ба мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва шахсони алоҳида ҳуҷум кунанд",-иброз дошт Раҳимзода.
Ҳамчунин аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти 34 ташкилоти ҷиноӣ пешгирӣ ва 169 нафар аъзоёни гурӯҳҳои тундрав дасгир шуданд. Ба қавли вазир аксари ҳамлагарон шаҳрвандони Тоҷикистон буда, шомили гурӯҳи мамнӯъи "Давлати Исломӣ" мебошанд.
Дар умум дар Тоҷикистон соли гузашта 400 нафар аъзоёни гурӯҳҳои гуногуни ҷиноятпеша дастгир шуданд. Ба гуфти Раҳимзода 22 аъзои Давлати Исломӣ, ки дар сафи ҷиноии ин ташкилот ҷанг мекарданд ба Тоҷикистон баргашта, ихтиёран ба мақомот таслим шуданд.
Ҳамчунин вазир қайд кард, ки авзои сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар айни замон ором аст, вале ба ин нигоҳ накарда, дар он сӯи дарё гурӯҳҳои террористӣ ҷамъ шуда истодаанд.
"Дар якҷоягӣ бо ҳукумати Афғонистон мо фаъолияти ин гурӯҳҳоро назорат мекунем, то воридшавии онҳоро ба Тоҷикистон пешгирӣ намоем",-қайд кард вазир.
Соли гузашта сарҳадбонони кишвар чандин ҳолатҳои убури ғайриқонунии қочоқчиёнро пешгирӣ карданд.