Барои аксари интихобкунандагон ғолибияти намояндаи ҷумҳурихоҳон-Доналд Трамп ногаҳонӣ буд. Замоне, ки ҷонибдорони президенти ҷадид хушҳолӣ мекунанд, мухолифон дар минтақаҳои гуногун аз ташкили намоишҳои эътирозӣ даст намекашанд.
Дар Вашингтон барои маросими савгандёдкунии президент омодагӣ дар сатҳи баланд идома дорад. Намояндагони ВАО аллакай мошинҳои худро дар назди Боғи миллӣ ҷой додаанд. Саҳна омода мешавад. Ҷонибдорони Трамп дар бар либосҳои бо сурати Трамп дар кӯчаҳо қадам мезананд. Тазоҳургарон бошанд, роҳи марказиро ба касе додан намехоҳанд.

Ҷуфти ҷавон дар назди Капитолия аксбардорӣ мекунад.

Нуқтаҳои фурӯшӣ аз либосҳои бо сурати Трамп пур шудааст.

Омода кардани Боғи миллӣ барои савгандёдкунии президенти ИМА.

Саҳна ва минбари савгандёдкунӣ омода карда мешавад.

Тазоҳургар дар майдони Макферсони Вашингтон.

Тазоҳургарон дар майдони Макферсон.

Духтарак дар назди ҳайкали Линколн дар Вашингтон.

Мошинҳои шабакаҳои телевизионӣ дар назди Боғи миллӣ.

Ҷавони амрикоӣ зидди президенти нави Амрико.

Шоми дирӯз дар кӯчаҳои гуногуни Вашингтон мардуми Амрико бо мақсади нишон додани норогизии худ нисбати президенти навинтихоб ба намоиши эътирозӣ баромада буданд.

Ҷонибдорони президенти навинтихоб фаъолона ба маросими савгандёдкунии Доналд Трамп омодагӣ мебинанд.

Имрӯз Доналд Трамп расман 45-умин президенти ИМА эълон мешавад.