ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Хуҷандро ҳамчун гумонбар дар тайёр ва ба муомилот баровардани пул ё қоғазҳои қимматноки қалбакӣ дастгир намуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД Тоҷикистон.
Аз гумонбаршуда дар ҳудуди бозори марказии шаҳри Исфара ҳангоми ба муомилот баровардан 8 адад купюраҳои 500 евро гирифта шуд, омадааст дар хабар.
Нисбати дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.