Андӯҳ Эмомалӣ Раҳмон аз фоҷиаи Теҳрон

© Фото : Официальная страница пресс-службы президента РТЭмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки раисҷумҳури кишвар ба президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият ирсол намудааст

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik.Тибқи иттилои манбаъ, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мактуби худ аз фурӯ рехтани бинои маркази тиҷорат дар пойтахти кишвар андӯҳгин аст.

Эмомалӣ Раҳмон иброз медорад, ки сӯхтор дар маркази тиҷоратӣ, ки дар натиҷаи он теъдоди зиёде аз мардум ҷон бохта, қисме ҷароҳат бардоштанд, тоҷикистониёнро ғамгин намуд.

"Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ҳамдардиву тасаллияти самимии  ин ҷонибро ба   мардуми дӯсти Эрон ва пайвандону наздикони фавтидагон изҳор намуда, аз даргоҳи Худованди мутаол ба онҳо сабри ҷамил  ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам",- ирсол мекунад президент ба ҳамтои эронии худ.

РИА Новости бо истинод ба оҷонсии Tasnim менависад, ки бинои тиҷоратӣ, ки дар натиҷаи сӯхтор фурӯ рехтааст, дар Теҳрон аз ҳама бинои баландошёнаи кӯҳна ба ҳисоб мерафт.  Маркази тиҷоратии "Пласко" аз 18 ошёна иборат буда, тақрибан соатҳои 8:00 бо вақти маҳаллӣ  (10:30- бо вақти Душанбде-идора) дар бино сӯхтор ба амал омадааст.  Ба ҷойи ҳодиса 200 нафар сӯхторхомушкунандагон равон карда шуданд ва қариб дар байни 3,5 соат бо оташ мубориза бурданд.

Бинои "Пласко" соли 1962 сохта шуда, дар он мағозаҳои сарулибос ҷойгир шуда буданд. Расонаҳои Эрон дар бораи қурбониёни ин фоҷиа маълумоҳои гуногун медиҳад. Ҳамин тавр оҷонсии ISNA хабар додааст, ки дар сӯхтор наздики 70 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Лентаи хабарҳо
0