ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik.Бо далели марги генерал-майор Зариф Шарифзода тафтишот оғоз шудаст. Дар ин бора ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад.
Пештар хабар дода шуда буд, ки дар шаҳри Душанбе дар пайи садамаи нақлиётӣ сардори Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиа-майор Зариф Бобокалонов даргузашт.
"Садамаи нақлиётӣ замоне ба вуқӯъ пайваст, ки Бобокалонов сари чамбараки мошин, аз кор ба хона бармегашт. Мувофиқи маълумоти пешакӣ, генерал ба сактаи қалбӣ дучор шуда, аз ин сабаб мошинаш ба автомобили дигар бархӯрдааст",-гуфт намояндаи хадамоти вазорати мудофиаи кишвар.
Ба қавли ӯ баъди садамаи нақлиётӣ сардори Ситоди генералиро ба беморхона бурданд, вале ӯ аллакай ҷон дода буд. Генерал-майор Зариф Бобокалонов ҳамагӣ 46 сол дошт. Ӯ ба вазифаи фармондеҳи Ситоди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 18-уми январи соли 2014 таъин шудааст.