ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik.Хадамоти матбуоти ВКД Тоҷикистон менависад, ки дар дарёи Вахш як ҳодисаи нохуш ба амал омад.
Санаи 18-уми январ ронандаи трактор, марди 58-сола ба хотири баровардани экскаватори ғарқшуда худаш дар дарё нопадид шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ мард ҳангоми баровардани техника, аз сабаби баланд шудани оби дарё- дар ҳудуди ноҳияи Бохтар ғарқ шуда, бедарак гум шудааст.
Ҳоло ҷасади ронандаеро, ки хоҳиши наҷот додан дошту худ қурбон шуд, мекобанд ва чорабиниҳои ҷустуҷӯи давом дорад.