ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи шаҳрвандӣ аз паст шудани ҳарорати ҳаво, вазидани шамоли сард ва боридани барфи тар огоҳ мекунад.
"Тибқи иттилои Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон то 25-уми январи соли 2017 дар қаламрави кишвар ҳарорати ҳаво поён рафта, борони ба барфи тар гузаранда дар назар аст",-омадааст дар хабарнома.
Аз шамоли сард ва барфи тар хатҳои интиқоли барқ осеб дида, дар маҳалҳое ва ҷойҳое аз вазнинии барф афтиши дарахтон низ эҳтимол дорад. Кумита тавсия медиҳад, ки шаҳрвандон дар ин рӯзҳо рафтуомади безарурати худро тариқи роҳҳои куҳӣ маҳдуд карда, аз анҷоми корҳои саҳро, омодасозии ҳезум ва шикор дар манотиқи куҳӣ худдорӣ намоянд.
Бо сабаби паст шудани ҳарорати ҳаво дар бомҳои хонаҳо эҳтимоли ба вуҷуд омадани шушаҳо вуҷуд дорад.
Аз ин рӯ шаҳварндон бояд кӯдакон ва пиронсолонро теҳти нигоҳубини худ қарор дода, онҳоро дар рӯзҳои сард танҳо нагузоранд.
Қаблан хабар дода шуд, ки дар пайи сардиҳои шадид, ширкати "Помир Энерҷӣ" дар баъзе аз ноҳияҳои вилоят то 4 соат лимити барқ ҷорӣ намуд.
Директори генералии ширкати "Помир Энерҷӣ" Далер Ҷумаев изҳор дошт, ки дар пайи сардиҳо ҳаҷми оби дарёи Ғунд тақрибан ду маротиба кам шуда, имкон намедиҳад то кори нерӯгоҳи обии "Помир-1" ва "Хоруғ" бо пуррагӣ ба роҳ монда шавад.