ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Дар шаҳри Санкт-Петербург дар пайи таркиш дар заводи истеҳсоли маснуоти бетонӣ муҳоҷири ҷавони тоҷик ба ҳалокат расид, хабар медиҳад "Фонтанка".
"Таркиш тақрибан соати 1-и шаби 19-уми январ дар кӯчаи Ванеева, 10 ба вуқӯъ пайваст. Мувофиқи маълумот воқеа дар бинои якошёнаи заводи истеҳсоли маснуоти бетонӣ ба амал омад",-омадааст дар иттилоия.
Сӯхтор набуд, вале ҷавони 18 солаи тоҷик, ки ба сифати ёрдамчӣ кор мекард, дар пайи бардоштани ҷароҳат ба ҳалокат расид.
Тафтишот дар ин самт идома дорад.