Имсол аз Узбакистон 7 ҳазор нафар зиёрати Каъба мераванд

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкЗиёрати хонаи Худо. Акс аз бойгонӣ
Зиёрати хонаи Худо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имсол шумораи квотаҳои зиёрати Ҳаҷ барои шаҳрвандони Узбдакистон 7 ҳазору 200 муқаррар шудааст(соли гузашта ин рақам ба 5,2 ҳазор нафар баробар буд)

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Арабистони Саудӣ  дар бораи зиёд намудаи шумораи  квотаҳои Ҳаҷравӣ барои шаҳрвандони Узбакистон қарор қабул намуд.

Ҳамин тавр соли 2017 барои шаҳрвандони Узбакистон 1,4 маротиба  зиёдтар квотаҳоҷудо шудаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи дини Узбакистон.

"Соли 2017 шумораи квотаҳо барои сафари Ҳаҷ аз 5,2  то  7,2 ҳазор зиёд карда шуд",-омадааст дар иттилоия.

Ҳоҷиён дар Макка. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳоҷии тоҷик: аз зиёрати Каъба то ахлоқи бади мусалмонон ва нороҳатӣ аз гумрук

Мувофиқи маълумоти хадамоти матбуот чунин қарор дар бастагӣ бо баланд шудани сатҳи зиндагии мардуми кишвар, ки албатта ба сафи хоҳишмандони зиёрати шаҳри пайғамбар таъсири мусбат мерасонад, қабул шудааст.

Манбаъ мегӯяд, ки соли 2016 дар доираи барномаи зиёрати Ҳаҷ ҳамаи 5,2 ҳазор квота истифода шуда буданд.

Бо пешниҳоди Идораи мусулмонони Узбакистон ва дигар ташкилотҳои кишвар дар соли ҷорӣ барои сафар ба Ҳаҷ ва зиёрати хонаи Худо дар навбати аввал аризаи нафароне, ки бори аввал ба Макка мераванд, қабул карда мешавад.

Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди 6 ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд.

Лентаи хабарҳо
0