Зеботарин шоҳмотбоздухтар дар Узбакистон зиндагӣ мекунад

© © uz.24 Гульрухбегим Тоҳирҷонова. Акс аз бойгонӣ
Гульрухбегим Тоҳирҷонова. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ғолиби озмуни “Зеботарин шоҳмотбоздухтари ИДМ” шаҳрванди Узбакистон-Гулрухбегим Тоҳирҷонова шуд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Озмуни "Зеботарин шоҳмотбоздухтари ИДМ" аз ҷониби портали chess.pw гузаронида шуд. Ғолиби озмунро тариқи онлайн-овоздиҳӣ муайян карданд.

Ғолиби озмун 19 сол дошта, ӯ гроссмейстер, қаҳрамони Осиё оид ба шоҳмот ва ғолиби аксари сабқатҳои байналмиллалӣ мебошад.

Ҷойи дуюмро шоҳмотбоз аз Қирғизистон-Самаганова Александра гирифта, мақоми сеюм насиби шаҳрванди Қирғизистон шуд. Ҳамин тавр Алимбай Айжандар озмуни "Зеботарин шоҳмотбоздухтари ИДМ" соҳиби мақоми сеюм гардид.

Чуноне Sputnik Узбакистон қайд менамояд, соли гузашта барои шоҳмотбозони узбек соли бобарор буд.

Онҳо дар 40 сабқатҳо ишитрок карда, бо 40 нишони тиллоӣ, 15 нуқра ва 12 медали биринҷӣ ба ватан баргаштанд.

Лентаи хабарҳо
0