Навори боздошт намудани ҳамлагари Истамбул

Обуна шудан
Кормандони пулиси Туркия террористи узбек-Абдулқодир Машариповро, ки дар ҳамлаи террористии Истамбул айбдор мешавад, дастгир намуд

Амалиёти вижа оиди боздошти террористи узбек, Абдулқодир Машарипов рӯзи душанбе дар ноҳияи Эсенюрти Истамбул шоми дирӯз баргузор карда шуд. Чуноне оҷонсии Ruptly хабар медиҳад, ҳамроҳи ӯ ҳамчунин як шаҳрванди Қирғизистон ва се зан дастгир шуданд.

Ёдовар мешавем, ки шаби Соли нав дар шаҳри Истамбул террорист ба клуби шабона ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом дод.

Мувофиқи маълумоти ВКД Туркия дар пайи ҳамлаи террористӣ 39 нафар ба ҳалокат расида, наздики 70 кас захмӣ шуданд. Дар байни ҳалокшудагон шаҳрвандони Русия, Қувайт, Канада, Исроил, Сурия, Арабистони Саудӣ, Марокаш, Ливан ва Ливия низ қарор доштанд.

Лентаи хабарҳо
0