Мақоми аввали Фаррух Амонатов дар Ҳиндустон

© Фото : Dehli Chass Association / Гузариш ба медиабонкСабқати байналмиллалии шоҳмот дар Ҳиндустон. Акс аз бойгонӣ
Сабқати байналмиллалии шоҳмот дар Ҳиндустон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ғолибияти Амонатов дар соли ҷадид аввалин муваффаққияти бузурги шоҳмотбозони тоҷик дар арсаи байналмиаллалӣ мебошад

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Гроссмейстери тоҷик Фаррух Амонатов дар сабқати 15-уми байналмилалӣ дар шаҳри Деҳлӣ мақоми аввал ба даст овард, хабар дода мешавад дар торномаи мусобиқа.

Мусобиқа аз 9 то 16-уми январи соли равон баргузор шуда, 10 бахшро дар бар гирифт. Дар сабқат 258 шоҳмотбоз аз 23 кишвари ҷаҳон иштирок намуд.

 

Фаррух Амонатов  бо гирифтани 8,5 хол мақоми аввалро ба даст овард. Ҷои дуюм насиби варзишгари ҳиндӣ Гош Диптаян гардид. Ҷои сеюмро шоҳмотбози узбек ба худ ихтисос дод.

"Бо гирифтани 8,5 хол аз 10-тои умумӣ, Амонатов бо 1,5 хол аз рақиби худ Диптаян ва Ҷумаев пеш гузашт. Онҳо барои ҷои дуюм байни ҳам рақобат карданд",-омадааст дар хабар.

Аз байни духтарон мақоми аввал насиби Гулрухбегим Тоҳирҷонова шуд. Ин гроссмейстери ҷавон шаҳрвнади Узбакистон буда, ҳамчунин дар озмуни "Зеботарин шоҳмотбоздухтари ИДМ" сазовори ҷои аввал гардид.

Шоҳмотбози барҷастаи тоҷик дар мусобиқа ягон маврид мағлуб нашуда, ҳафт ғолибият ва се бозиро ммусовӣ анҷом дод.

Қайд менамоем, ки ин аввалин мувафақияти бузурги шоҳмотбозони тоҷик дар соли 2017 мебошад.

Лентаи хабарҳо
0