ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дирӯз бо имзои қарори ҳукумат Обид Назаровро аз мақоми муовини вазири фарҳанг барканор намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.
Ҳамин тавр Назаров Обид Одилович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини вазири фарҳанги ҶТ озод карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл раисҷумҳури Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, муовинонаш ва вазири вазорати тандурустиро низ аз вазифа сабукдӯш карда буд.
Дар баробари ин президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо имзои чанд қонун сафири нави Тоҷикистон дар Туркманистон ва директори нави мактаби президентии шаҳри Хоруғро таъин кард.