ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Чемпиони ҷаҳон ва ҷоизадори Бозиҳои Олимпӣ, камонвар Зебуниссо Рустамова дар бораи умедҳои хеш аз Бозиҳои олимпии минбаъда нақл намуд.
"Соли гузашта дастоварди муҳими сол барои варзишгарони тоҷик — медали тилло аз Бозиҳои олимпӣ буд, ки онро Дилшод Назаров ба даст овард. Вай натиҷаи беҳтарин нишон дод. Ғолибияти Назаров барои кишвари мо дастоварди беҳтарин ба ҳисоб меравад. Мутаасифона дигар варзишгарон муваффақ нашуданд, лекин бояд ба давраҳои оянда тайёрии ҷиддитар дид",- гуфт камонварзани тоҷик.
Ҳамчунин Зебуниссо Рустамова ёдовар шуд, ки соли 2017- соли ҷавонон ба ҳисоб меравад.
"Бояд ба ҷавонон аз ҳарвақта бештар аҳамият дод. Ҷавонон- оядаи мо ба ҳисоб мераванд. Умедворам, ки варзишгарони ҷавон дар давраи минбаъда худро фаъолтар нишон медиҳанд. Зеро дар соли оянда мусобиқаҳои зиёд ба нақша гирифта шудааст",- мегӯяд варзишгар.
Бояд қайд намуд, ки соли гузашта варзишгари машҳури тоҷик Зебуниссо Рустамова — раиси Ассотсиатсиаи олимпии Тоҷикистон аз вазифааш ба истеъфо рафт. Ҷойи Зебуниссоро дар ин мақом Мавзуна Чориева гирифтааст.