Рустами Эмомалӣ ба тағйироти кадрӣ пардохт

Обуна шудан
Раиси нави шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар мақомоти ҳокимияти шаҳр тағйироти кадрӣ амалӣ намуд

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Писари бузурги президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, ки чанде қабл раиси пойтахт таъин шуд, аз ҷумла дар телевизиони "Пойтахт" тағйироти кадрӣ амалӣ кард.

Директори нави телевизиони "Пойтахт" Сӯҳроб Рауфов таъин шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Душанберо аз вазифа сабукдӯш кард

Рауфов қаблан вазифаи роҳбарии телевизиони "Тоҷикистон"-ро бар ӯҳда дошт. Ӯ ҳамчунин ба ҳайси сармуҳаррири барномаи "Ахбор"-и шабакаи "Тоҷикистон" адои вазифа намуд. Дар баробари ин Рауфов дар телевизиони "Ҷаҳоннамо" ҳамчун муовини директор кор кардааст.

Шавкат Саидов собиқ директори телевизиони "Пойтахт" чанд сол боз сухангӯи дафтари хадамоти матбуоти раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев буд. Соли 2015 бошад, ӯ директори телевизиони "Пойтахт" таъин гардид.

Телевизиони "Пойтахт" аз соли 1996 инҷониб фаъолият мекунад. Соли 2006 мувофиқи фармони Маҳмадсаид Убайдуллоев шабакаи "Пойтахт", телевизиони давлатӣ шуд.

Лентаи хабарҳо
0