ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе маросими супоридани ҷоизаҳои тиллоӣ ба "Сарояндагони маҳбуби сол" аз ҷониби ширкати "Тоҷиккристалл" баргузор гардид.
Ситораҳои санъати тоҷик Шабнами Сурайё, Ҷонибек Муродов ва Баха 84 чун намояндагони фаъоли санъати тоҷик ва ғолибони озмуни "Сарояндаи маҳбуби сол" бо ситораҳои тиллоӣ ва дипломҳои махсус қадрдонӣ шуданд.
Беҳрӯз Зеваров ба ҳайси продюсер барои саҳмгузорӣ дар баргузории озмуни "Сарояндаи маҳбубтарини сол" бо ситораи тиллоӣ ва дипломи махсус қадрдонӣ шуд. Дар ин бора продюсери тоҷик Беҳрӯз Зеваров ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
"Дар маросими ҷоизасупорӣ ҳамаи ҳунармандон, ғайр аз Манижаи Давлат ширкат доштанд. Манижа айни ҳол дар Тоҷикистон нест, ӯ дар яке аз кишварҳои хориҷ мебошад ва мукофоти ӯ баъди баргаштанаш тақдим мешавад ",-гуфт Беҳрӯз Зеваров.
Ҷоизаи тиллоӣ ва дипломҳо ба сарояндагони машҳур ва намояндагони санъати тоҷик аз ҷониби директори ширкати "Тоҷиккристалл" Умед Абдураҳмонов супорида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли 2016 дар шаҳри Маскав консерти якҷояи Шабнами Сурайё ва Ҷонибек Муродов баргузор гардид. Дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон он замон Шабнам иброз дошт, ки мехоҳад бо Алла Пугачева дуэт сарояд.
Чанде қабл нахустин таронаи продюсер Беҳрӯз Зеваров таҳти унвони "Оиша" (Аиша) нашр шуд. Он бо забони русӣ буда, муаллифи матн ва оҳангаш Роберт Мирзонян ва Фирӯз Абдуллаев мебошанд. Клипи онро Азим Ҳикматуллоев коргардонӣ кардааст. Зеваров ширкати "Топ-Медиа"-ро раҳбарӣ мекунад ва ҳамзамон ба ҳайси продюсери чанд хонандаи маъруф фаъолият дорад. Муаррифии клипи нави Беҳрӯз Зеваров таҳти унвони "Не молчи" дар қиёси ИДМ ба наздикӣ баргузор мешавад.