Рустам сабаби эҳтимолии суқути Boeing-747- ро шарҳ дод

© Sputnik / Табылды КадырбековСуқути ҳавопаймои боркаш дар Бишкек
Суқути ҳавопаймои боркаш дар Бишкек - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи муҳандиси парвоз Рустам Жунусбеков, модели ҳавопаймои мазкур яке аз замонавитарин ва бехатартирин ба ҳисоб меравад

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik.Сабаби суқути ҳавопаймои боркаш дар назди Бишкек шояд комбудиҳои техникӣ ва тағийроти обу ҳаво гашта бошад, мегӯяд муҳандиси парвоз Рустам Жунусбеков дар мусоҳиба бо Sputnik Қирғизистон.

Вай қайд намуд, ки Boeing-747 яке аз беҳтарин ҳавопаймо ба ҳисоб мераванд.

Ҳавопаймои боркаши Boeing-747 чуноне ки пештар хабар дода шуд, ба ширкати ҳавоии "Turkish Airline" тааллуқ надошта, балки аз они ширкати туркии хусусии АСТ мебошад.

"Сабабҳои суқут эҳтимол хатогии техникӣ ва шароити обу ҳаво шуда бошад. Шояд сарнишинон хатти нишастро мушоҳида карда натавонистанд. Ба фикри ман, ҳамин тавр, сабаби ба амал омадани суқут — тунамани ғафс гардидааст",- қайд кард Жнусбеков.

Boeing-747 аз ҷониби муҳандисони ИМА соли 1960 коркард шудааст.

Лентаи хабарҳо
0