ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар Париж маросими ба имзо расонидани Эъломияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Князгарии Монако баргузор гардид, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
"Ҳуҷҷат аз ҷониби Тоҷикистон аз тарафи Сафири Фавқуллода ва Мухтори Тоҷикистон дар Фаронса Ҳомидҷон Назаров аз ҷониби Манока бошад — аз тарафи сафири Фавқуллода ва Мухтори Монако дар Фаронса Клод Коттолорда ба имзо расид ",- омадааст дар мавод.
Намояндагони ду давлат дар бораи рушди муносибатҳои давлатҳо, аз ҷумла дар соҳаи туризм, маориф ва фарҳанг, соҳаи бонк, ҳамчунин оид ба масъалаҳои мубрами байналмиллалӣ ва минтақавӣ гуфтушунид намуданд.
Ёдовар мешавем, ки аз даврони ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон зиёда аз 150 кишвари дунё расман Тоҷикистонро эътироф карданд ва 132 нафари онҳо муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд.
Князгарии Монако — кишвари хурдест, ки дар шимоли Аврупо ҷойгир шудааст ва бо Фаронса ҳамсарҳад мебошад. Яке аз кишварҳои хурдтарини ва сераҳолитарини дунё ба ҳисоб меравад.