Суқути ҳавопаймо дар Қирғизистон: зиёда аз 30 нафар ба ҳалокат расиданд

© © Sputnik / Табылды КадырбековСуқути ҳавопаймо дар Қирғизистон
Суқути ҳавопаймо дар Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шумораи қурброниён садамаи ҳавопаймо дар назди шаҳри Бишкек то 30 нафар расид

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik.Дар натиҷаи суқути ҳавопаймо дар наздикии фурудгоҳи "Манас" ками андар кам 30 нафар вафот карданд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Қирғизистон.

Ҳавопаймои ширкати туркии Turkish Airline аз самти Гонконк ба Стамбул парвоз мекард, ки барои сӯзишворӣ дар Бишкек таваққуф намуд. Тайёра дар наздикии фурудгоҳи "Манас" деҳаи Дача-Суу суқут кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

© © Sputnik / Табылды КадырбековСуқути ҳавопаймо дар Қирғизистон
Крушение самолета в Кыргызстане - Sputnik Тоҷикистон
Суқути ҳавопаймо дар Қирғизистон

Чуноне ки дар Вазорати тандурустии кишвар аниқ карданд, шумораи қурбониён даҳҳо нафарро ташкил медиҳад, ҳоло маълумотҳо тағийр меёбанд.

Қайд карда мешавад, ки сарвазири Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков ба ҷойи ҳодиса расидааст.

Аз макони садама ҳафт нафар ба бемористон интиқол гардиданд, ки шаш нафари он кӯдаконро ташкил медиҳанд. Ҳама онҳо бо ҷароҳати вазнин ба беморхона фиристода шуданд.

 

Ба рафти тафтишоти суқути Boeing ИМА ва Кумитаи байналмиллалии авиатсионӣ ҳамроҳ хоҳанд шуд, хабар медиҳад ба Sputnik Қирғизистон муовини директори Оҷонсии авиатсияи шаҳврандӣ Бакит Ҷунушулиев.

"Мувофиқи стандартҳои байналмиллалӣ, бо тафтишти суқут кишваре машғул мешавад, ки дар он садама ба амл омадааст- яъне Қирғизҳистон. Албатта кишвари ширкати ҳавоӣ — Туркия ва истеҳсолкунандаи ҳавопаймо Boeing, яъне ИМА иштирок мекунанд. Кумитаи байналмиллаии авиатсионӣ низ ширкат хаҳад меварзад",- хабар дод Ҷунушалиев.

© Sputnik / Табылды КадырбековСуқути ҳавопаймо дар Қирғизистон
Крушение самолета в Кыргызстане - Sputnik Тоҷикистон
Суқути ҳавопаймо дар Қирғизистон

Ҳамчунин қайд карда мешавад, ки ҳоло ба кофтукови "сандуқҳои сиёҳ" машғул намешаванд, зеро айни замон корҳо наҷотдиҳӣ давом меёбанд.

Ҳоло маълум нест, ки сабтҳои сандуқҳоро дар кадом кишвар муайян мекунанд.

Мувофиқи ахбори муовини директори Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандии Қирғизистон дар вақти фуруд омадаи ҳавопаймо туман буд, аммо ин барои нишастан бояд мушкилӣ ҳосил намекард.

Тевизиони миллии Қирғизистон КТРК вобаста бо суқути ҳавопаймо тамоми барномаҳои дилхушикунандаро ах эфир бардоштааст.

Дар натиҷа суқути ҳавопаймо 32 хона хароб гардиданд, хабар дод ба РИА новости котиби матбуоти сарвазири Қирғизистон Чингиз Эсенгул Уулу.

"Ҳоло ман дар ҷойи ҳодиса қарор дорам, мавофитқи як маълумот дар натиҷаи садамаи ҳавопаймо 32 хона хароб гидидааст",- мегӯяд вай.

Лентаи хабарҳо
0