Дар садамаи Саратов як нафар сокини вилояти Суғд вафот кардааст

© Sputnik / Александр Нестеров / Гузариш ба медиабонкСадамаи нақлиётӣ, акс аз бойгонӣ
Садамаи нақлиётӣ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пештар бархе аз расонаҳо хабар дода буданд, ки дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ҳафт шаҳрванди Қирғизистон вафот кардаанд, аммо дар натиҷаи аниқ кардани хабар, маълум шуд, ки яке аз қурбониён шаҳрванди Тоҷикистон аст

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар садамаи калон дар вилояти Саратов чор шаҳрванди Қирғизистон, як шаҳрванди Тоҷикистон ва ду шаҳваранди Ӯзбакистон қурбон шуданд, хабар медиҳад РИА новости бо истинод ба сафорати Қирғизистон дар Русия.

Ҳамчунин далели марги шаҳварнди Тоҷикистонро намояндагии Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия тасдиқ карданд. Мувофиқи маълумоти идора дар натиҷаи садама марди 40-солаи сокини вилояти Суғд вафот кардааст.

Ёдовар мешавем, ки садама дар 547-ум километри роҳи мошингарди Нижний Новгород — Саратов  дар ҳудуи деҳаи Тарумовка ба амал омадааст. Ронандаи фураи Volvo, ки аз самти Пенза ба Саратов ҳаракат мекард, ба автомашинаи Toyota бар мехурад, ки дар самти муқобил ҳаракат мекард.  Дар натиҷа ҳар ду автомобил ба чуқурӣ афтоданд.

Мувофиқи маълумоти пешакӣ дар сари чамбаракаи рул хоби ронандаи боркаш бурдааст ва аз ҳамин сабаб ба самти муқобил баромадааст.

Дар натиҷаи  бардоштани  ҷароҳат чор  шаҳрванди  Қирғизистон, ду шаҳрванди Ӯзбакистон ва як  шаҳрванди Тоҷикистон  дар ҷойи ҳодиса вафот кардаанд, хабар медиҳад сафорат.

Пештар бархе аз расонаҳо хабар доданд, ки ҳафт нафар қурбониён ҳама шаҳрванди Қирғизистон буданд. Ба ҷойи ҳодиса намояндаи хадамоти давлатии муҳоҷирати назди намояндагии Қирғизистон дар ФР ва ҳамчунин намояндаи диаспораи қирғиз дар вилояти Саратов ҳозир шуданд.

Ғайр аз ин кормандони намояндагии Вазорати меҳнат ҶТ якҷоя бо консули Тоҷикистон дар Уфа  ва намояндагии диаспораи тоҷики дар Саратов ҳуҷҷатҳои интиқоли ҷисми шаҳрванди Тоҷикистонро ба кишвар ба тартиб меоранд.

Мувофиқи маълумоти сафорати ҶҚ қурбониёни садама — шаҳварндони Қирғизистон — се нафар марди соли таваллудашон 1970, 1974 ва 1985  ва ҳамчунин як нафар зан- соли таваллуди 1983 буданд.

Мувофиқи далели ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, ронандаи мошини боркаш дастгир шудааст.

Лентаи хабарҳо
0