Дар Туркия ҳаммаслакони террористи Стамбул дастгир шуд

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкСафорати Туркия дар Маскав, акс аз бойгонӣ
Сафорати Туркия дар Маскав, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Расанаҳои туркӣ хабар медиҳанд, ки полиси Туркия шаҳрванди Чин – зани уйғурӣ Умар Осима ва Абдулазиз Абдуҳамидиро дастгир намуд

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik.Кормандони амнияти Туркия ду нафарро дастгир намуданд, ки эҳтимол ҳаммаслакони террористи ташкилкунандаи инфиҷори соли нав дар Стамбул ба ҳисоб меравад.

Ба иттилои РИА Новости ҳоло дастгиршудагон дар суди шаҳри Стамбул қарор доранд.

Пештар як қатор намояндагони ВАО хабар дода буданд, ки полис ҳамсари Абдулқодир Машариповро дастгир намудааст. Зан ба полис дар бораи ҳамдастони Машарипов ва "диишчиён" дар Стамбул маълумот додааст.

Хотиррасон мекунем, ки шаби соли нав дар яке аз марказҳои дилхушии шабонаи Стамбул Абдулқодир Машарипов ном террорист 79 нафарро бо истифода аз автомати Калашников куштаааст.

Лентаи хабарҳо
0