“Талқон” ва “Хушбукунандаҳои Помир”: маҳсулоти нав дар бозори дохилӣ

© Фото : страница Pamir News в FacebookСоҳибкорони ноҳияи Ишкошим. Акс аз бойгонӣ
Соҳибкорони ноҳияи Ишкошим. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар бозори дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ду маҳсулоти нав пайдо шуд. Сокинони ноҳияи Ишкошим ба мардум дар баробари ширчой “Талқон” ва ба ҷои зира “Хушбукунандаҳо”-и иловагиро пешниҳод карданд

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Дар доираи барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони Бунёди Оқохон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бозори дохилӣ ду маҳсулоти нав пешниҳод шуд.

"Мақсад таъмини истиқлолияти озуқаворӣ  дар манотиқи кӯҳистони кишвар аст, чунки Тоҷикистон имкониятҳои бузург дорад, ки то имрӯз ба пуррагӣ истифода нашудааст. Лоиҳа ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум роҳандозӣ шудааст ",-гуфт намояндаи лоиҳа Ёдгор Қонунов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Дар Помир умури иктишофии фузулоти нодир оғоз шуд

Ба қавли ӯ ташкилкунандагони барнома  дар ҷустуҷӯи нафароне буданд, ки бо истифода аз таҷрибаи деҳқонӣ ва дониши аҷдодӣ ба бозори дохилӣ маҳсулоти нави озуқаворӣ пешниҳод карда тавонанд.

"Гарчанде Бадахшон ҳавои сард ва шароити наонқадар муносиб дошта бошад ҳам, истифодаи имкониятҳои захираҳои табиӣ дар минтақа бузург аст. Мо дар ҷустуҷӯи  нафароне будем, ки бо истифода аз ин захираҳо тавонанд ба бозори дохилӣ маҳсулоти нави ғизоӣ пешниҳод кунанд",-илова карда Қонунов.

Ҳамин тавр ду гурӯҳ аз  ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон бо намояндагии Гулмирзоев Қодиршоҳ ва Мурод Пирмамадов тавонистанд бо истифода аз таҷрибаи худ ба бозори дохилӣ ду маҳсулоти нав "Талқон" ва "Хушбукунандаҳо"-ро истеҳсол ва пешниҳод намоянд.

"Талқон"-як навъи орд буда, аз гандум ва боқилоъ омода карда шудааст. Онро бо иловаи шир метавон омода карда, чун хӯроки боқуввати пагоҳирӯзӣ истифода кард. Он ҳамчун маводи ғизоӣ дар баробари ширчой дастархони мардуми Бадахшонро бой карда, гуногунии фарҳанги бойи биологӣ ва маъданиро барои ҳамагон муаррифӣ менамояд.

"Хушбукунандаҳои Помир"-навъи гуногуни алафҳои хушбӯй ва манфиатовар мебошанд, ки метавонанд ба сифати иловаи хушбӯй ба маводи ғизоӣ маҳсулоти хубе бошанд. "Хушбукунандаҳои Помир"-шаш навъи алафро дар бар мегирад: шахи кӯҳӣ, шахи заминӣ, пудина, гашниз ва пиёзи кӯҳӣ.

© Фото : пресс-служба Фонда Ага ХанаҶамъоварии "Хушбукунандаҳо" аз ҷониби занони Помир
Сбор растений в кишлаках Памира, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷамъоварии "Хушбукунандаҳо" аз ҷониби занони Помир

 

Маҳсулоти нав на танҳо диққати мардуми маҳаллӣ балки меҳмонон аз мамолики хориҷро низ ба худ ҷалб кардааст.

"Сайёҳони хориҷӣ ба Талқон таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Онҳо дар навбати аввал мехоҳанд бо маҳсулоти ғизоие шинос шаванд, ки дар худи Бадахшон истеҳсол мешавад",-гуфт намояндаи Бунёди рушди Оқохон дар Тоҷикистон Ёдгор Қонунов.

Лентаи хабарҳо
0