Сокинони Душанберо омадани Рустам не, рафтани Убайдуллоев ғамгин кард

© Фото : Официальная страница М. Убайдуллаева в FacebookМаҳмадсаид Убайдуллоев, акс аз бойгонӣ
Маҳмадсаид Убайдуллоев, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хабари аз раисии шаҳр рафтани Убайдуллоев барои шаҳрвандони Тоҷикистон то дараҷае ногаҳонӣ гашт. Баробари ба табъ расидани ин хабар аъзоёни фаъоли сомонаи иҷтимоии Фейсбук ба баррасии ин рӯйдод сар карданд

Имрӯз бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифааш сабукдӯш гардида, ба ин мансаб Рустами Эмомалӣ таъин гардид.

Хабари аз  раисии шаҳр рафтани Убайдуллоев барои шаҳрвандони Тоҷикистон то дараҷае ногаҳонӣ гашт. Баробари ба табъ расидани ин хабар  аъзоёни фаъоли сомонаи иҷтимоии Фейсбук ба баррасии ин рӯйдод сар карданд.

Ҳамин тавр як нафар аъзои Фейсбук бо номи Зебо Тоҷибоева  менависад: "Душанбегиҳо Шуморо табрик кунам ё ҳоло барвақт аст?"

Баъд аз ин аксари аъзоёни Фейсбук якдигарро табрик карданд ва аз хизматҳои собиқ раиси шаҳри Душанбе ёдовар шуданд.

Наргиз Донаева  ном аъзои сомона дар ҷавоб ба посухи Зедо Тоҷибоева ҳамаро бо раиси нав табрик намуд ва илова кард, ки аз ин хабари ногаҳонӣ ба ҳайрат омадааст.

Як нафари дигар бошад, гуфт, ки аз ин рӯйдод хело ғамгин гаштааст ва Хуршед Самадов вайро дастгирӣ намуда гуфт: "Ман ҳам".

Аммо бархе аз аъзоёни дигар аз ин тағийроти кадрӣ дар пойтахт хурсандӣ карданд.

Ҳамин тавр Камол Неъматов  менависад: "Ура, ура!!!"

Таҳмина Ахмедова Камолро дастгирӣ карда, ба раиси навтаъингаштаи шаҳри Душанбе муваффақият таманно намуд.

Як аъзои дигари Фейсбук менависад, ки вай ба раиси навинтихобгаштаи пойтахт итминони зиёд дорад ва боварӣ дорад, ки ин шаҳрро Рустами Эмомалӣ зеботарин мегардонад. Зеро ба ақидаи вай Рустам ҳоло ҷавон асту диди нав ва назари нав дорад.

Ин гуфтаҳоро Гулчеҳра Убайдуллоева ва Мавлуда Раҳматзода тасдиқ карданд.

Шӯҳрат Латифов як аъзои фаъоли дигари Фейсбук ҷилави баҳсро ба дигар тараф  кашид, ки минбаъд диққати ҳамагон ба ҳамон сӯ равон карда шуд. Ҳамагон барои хизматҳои Убайдуллоев ба ташаккургӯӣ сар карданд.

"Сари таъзим назди Махмасаид Убайдуллоев барои ободонӣ ва мехнатҳои кардааш!",- мегӯяд Шӯҳрат.

"Раҳмати калон барои ҳамааш",- илова намудааст Зарнигори Миршакар.

Латифов бар он аст, ки Убайдуллоев барин шахс дар куҷое ва кадом мансабе набошад, даст ба ободӣ мезанад.

Вай дар охир илова намуд, ки мехоҳад ба номи Маҳмадсаид Убайдуллоев як мактуби миннатдорӣ тартиб намуда, имзо ҷамъ оварад.

Лентаи хабарҳо
0