Дар Қандаҳор панҷ дипломати Аморати Муттаҳидаи Араб ҳалок шуд

© REUTERS \ Mohammad Ismail / Гузариш ба медиабонкЗахмишудагони инфиҷори Кобул
Захмишудагони инфиҷори Кобул - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи инфиҷор дар Қандаҳори Афғонистон 11 нафар ба ҳалокат расида, 16 каси дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд, аз ҷумла сафири Аморати Муттаҳидаи Араб Ҷума Муҳаммад Абдуллоҳ ал-Кааби захм бардошт

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Дар пайи инфиҷор дар Қандаҳори Афғонистон панҷ дипломати Аморати муттаҳидаи Араб ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад  The Washington Post.

Мувойиқи маълумоти ҳукумати Афғонистон дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ 11 нафар ба ҳалокат расида, 16 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Террористон ба меҳмонхонаи раиси вилояти Қандаҳор ҳуҷум карданд.

Қайд мешавад, ки дар пайи инфиҷор сафири Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҷума Муҳаммад Абдуллоҳ ал-Кааби, ки моҳи июни соли 2016 ба кор шурӯъ кард, ба ҳалокат расид.

Байрақи Давлати Исломӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Русия манбаъи даромади “ДИИШ”-ро дар Афғонистон ошкор месозад

ВКХ-и Аморати Муттаҳдиаи Араб инфиҷорро маҳкум карда, онро "нафратовар" хонд. Бино ба вазорати хориҷии кишвар сиёсатмадорони араб дар Афғонистон дар доираи рисолати башардӯстона қарор доштанд.

Бино ба иттилои ВАО президенти Аморати Муттаҳидаи Араб ба хотири ҳалокшудагон се рӯзи мотам эълон кард. ВКХ-и кишвар рӯйхати намояндагони дипломатии Аморатро, ки дар пайи инфиҷор ба ҳалокат расиданд, нашр кард.

Қаблан хабар дода шуд, ки дар пайи ҳамлаи террористӣ дар Қандаҳори Афғонистон 11 нафар ба ҳалокат расида, 16 кас захмӣ гардид.

Авзоъи Афғонистон тайи моҳҳои охир ба таври куллӣ ноором шудаст. Ҳаракати радикалии "Толибон", ки қаблан қисми зиёди минтақаҳои аҳолинишинро ғасб карда буд, акнун ба шаҳрҳои бузург ҳуҷум мекунанд. Инчунин, дар ҳудуди ин кишвар таъсири гурӯҳи ҷиноии "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) зиёд шудааст.

Лентаи хабарҳо
0