ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз 20-январи соли 2017 нархи занги телефонӣ бо Русия боло бурда мешавад, хабар медиҳад сомонаи ширкати "Мегафон Тоҷикистон".
"Ҳамин тавр аз 20 январ бо фармоиши мақомоти зиддиинҳисории ҳукумати Тоҷикистон нархи ҳар дақиқаи гуфтугӯ бо Русия то 1 сомониву 20 дирам боло бурда мешавад",-омадааст дар иттилоия.
Ёдовар мешавем, ки ширкатҳои мобилии Тоҷикистон шурӯъ аз 1 октябри соли 2016 нархи зангҳои телефонӣ ба Русияро боло бурданд. Он замон 1-дақиқаи тамос дар ҳамаи ширкатҳои мобилӣ аз ҳудуди 70 дирам то 1 сомонӣ боло бурда шуд.