Тибқи иттилои пешакӣ балони газӣ дар ошёнаи сеюми хонаи истиқоматии шашаошёна ба вуқӯъ пайвастааст. Сӯхтор аз як манзил ба хонаҳои дигар гузашта, дар натиҷа манзилҳои истиқоматӣ шурӯъ аз ошёнаи сеюм то панҷумро сӯхтор фаро гирифт.
Ба ҷои ҳодиса наҷотдиҳандагони МЧС-и Русия ва дигар хадамотҳои аксуламалӣ ҳозир шуда, сокинони онро наҷот доданд. Барои бартарф кардани оқибатҳои ҳодисаи фавқуллода 70 адад техника ва 250 адад мошини оташнишон сафарбар карда шуданд, хабар медиҳад МЧС-и Русия.
Дар пайи сӯхтор ҳафт нафар захмӣ шуда, ду нафари онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд.