Трамп “капилка”-и миллиардерҳои русро пур кард

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкДональд Трамп, Акс аз бойгонӣ
Дональд Трамп, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баъди ғалабаи Трамп вазъи молиявии миллиардерҳои амрикоӣ то 2,8 фисад зиёд шуда, миллиардерони рус то 7,1% бой шуданд

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Баъди ғалабаи Трамп дар интихоботи президентии ИМА дороии миллиардерҳои рус то 29 миллиард долллар зиёд шуд, хабар медиҳад Forbes.

Қайд мешавад, ки сабаби асосиаш устувории пули миллӣ ва боло рафтани нархи қоғазҳои қимматноки Русия мебошад.

Аз ҳама беш сандуқи директори ширкати "Новатэк" Леонид Михелсон пур шуд. Ҳамин тавр арзиши активҳои ӯ то 1,9 миллиард доллар зиёд гардид.

Ҳамтои дигари ӯ, соҳибкор Геннадий Тимченко арзиши активҳои худро то 1,8 миллиард доллар афзун намуд.

Евро. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бо 250 ҳазор еврои Кокорин ва Мамаев дар ҶТ ва ФР чи харидан мумкин

Ҳамчунин нашриёти  Forbes дар бораи вазъи молиявии роҳбари Шӯрои директорони "Северстал" Алексей Мордашов (ки бойгариаш то 1,6 миллард зиёд шудааст) ва Владимир Лисинаро (1,4 миллиард доллар) хабар медиҳад.

Дар баробари ин номи соҳибкор Кирилл Шамалов низ оварда шуда, дар бораи бойгарии ӯ чизе гуфта нашудааст.

Ҳамин тавр рузномаи амрикоӣ қайд мекунад, ки баъди ғалабаи Трамп бойгарии миллардерҳои амрикоӣ то 2,8 фисад ва миллиардерони рус то 7,1 % миллиард доллар афзудааст.

Лентаи хабарҳо
0