ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik.Дар Аморати муттаҳидаи Араб бо даъвати президент Шайх Халифа ибни Алнаҳаяна дар ҳамаи масҷидҳои кишвар барои борон намоз гузоштанд, хабар медиҳад нашрияи The National.
Мувофиқи маълумоти расона, хоҷагидорони маҳаллӣ аз норасоии об шикоят мекунанд, ки дар натиҷа наметавонанд ба заминҳои худ кишт кунанд. Ба гуфтаи хоҷагидорон сабаби хушкии имсола гармшавии глобалӣ мебошад. Қайд карда мешавад, ки дар умум дар соли гузашта нисбат ба соли 2015 камтар борон боридааст.
Намоизи умумӣ дар тамоми масҷидҳо аз соати 09:30 то 08:15(бо вақти Душанбе-идора) хонда шуд.