ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Сокини шаҳри Душанбе тифли навзоди худро ба маблағи 1000 сомонӣ фурухт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати корҳои дохилии ҶТ.
Манбаъ мегӯяд, ки зани гумонбаршуда, рӯзи 6-уми декабри соли 2016 дар яке аз таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе тифли ҷинсаш духтар таваллуд кардааст.
"Рӯзи 14-уми декабри ҳамон сол ӯ ба зани 44-солаи сокини ноҳияи Восеъ духтарашро ба маблағи 1000 сомонӣ фурӯхтааст",-омадааст дар иттилоия.
Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ давом дорад.